[:tj]
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба сокинон ёддоштҳо дар мавзӯъи «Худ ва дигаронро аз сирояти “Коронавирус” (COVID-19) ҳифз намоед» бо теъдоди 15700 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.
Инчунин, бахш муроҷиатномаи худро оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) тавассути масъулин ба сокинони ноҳияи Варзоб ба миқдори 709 нусха дастрас гардонид.
Айни замон, дар ноҳияи Варзоб аз 9 то 14-уми июли соли ҷорӣ 198 нафар, аз он ҷумла 61 нафар зан, 57 нафар ноболиғ шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон дар МД осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» ва истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.
Инчунин, 13-уми июли соли ҷорӣ гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовинони раиси Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пурзӯр намудани корҳо дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҳудуди ноҳия бо аъзои ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории «Коронавирус», худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин гуруҳи корӣ аз марказҳои саломатии ноҳия дидан намуданд.
Давоми моҳи июли соли равон аз тарафи шахсони саховатпеша ба муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 320 адад респиратор, 20 адад либосҳои махсус, 1050 ҷуфт дастпӯшаки яккарата кӯмак расонида шуд, ки маводҳои зикргардида захира карда шудааст.
Айни замон 11 нафар шаҳрвандони ҳудуди ноҳия бо бемории илтиҳоби шадиди дутарафаи шуш ба табобати хонагӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 6 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва 5 нафар аз ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа мебошанд. Инчунин, бемороне, ки табобаташон анҷом ёфтааст, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.
Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.
Олимзода Орифҷон Олим
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб
[:]