[:tj]
Айни замон дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ҳам фаъолияти худро ҷоннок намуда истодааст. Бахш бо шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа ҳамкории дерина дорад ва онро босамар истифода мебарад.
Чорабинии муштараке, ки дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 таҳти унвони “Худ ва дигаронро ҳифз кунем!” доир гардид, ба мавзӯи муқовимат бо терроризму экстремизм ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва “КОВИД – 19” бахшида шуд. Дар радифи дигар ташкилкунандагон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Нодира Маҳмудзода ҳам дар назди иштирокчиён суханронӣ кард.
Номбурда дар барномаи радиои “Диёр” низ иштирок карда, андешаҳои худро оид ба муҳоҷирати бехатар баён дошт. Дар ин радиф мақолааш дар рӯзномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” таҳти унвони “Пеш аз сафар чиро бояд донист?” ба табъ расид, ки дастури амал барои муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ашт[:]