Чаро шаффофияти интихоботро наҳзатиён қабул надоранд?

[:tj] 

Дар ин рўзҳо як теъдод шахсони кинадору адоватофор, ки оромию осудагии Тоҷикистони азиз барои онҳо тамоман бегона аст, бо ҳар роҳ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои интихоботи мардуми Тоҷикистонро безобита кунанд. Онҳо дар дуриҳои дур пинҳон шудаанд ва аз дасташон ба ғайр аз тўҳмат ягон чиз намеояд, вале бо нашри  маводҳои иғвоангез дар шабакаи «интернет» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бо пахш кардани изҳороти бешармонаю бардурўғ дар бораи интихоботи баргузоршудаи дар Тоҷикистон мехоҳанд ин фазои беғуборро доғдор кунанд.

Ин амали зиддимиллӣ махсусан аз тарафи боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Ислом (ТЭТ ҲНИ), ташкилоти экстремистии «Гурўҳи-24», ташкилоти эктремистию террористии ба ном «Паймони миллӣ» (номи нави ТЭТ ҲНИ) ва баъзе шахсони алоҳидаи ғаразноки мухолиф бо давлату миллати тоҷик амалӣ мешавад.

Ҳамчун як сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, Аҳлиддин Собиров, бо тамоми қатъият мегўяд, ки  суханони ба ном «ватандўстони» мардуми тоҷик, аз қабили М. Кабирӣ, «Гурўҳи-24» ва дигарон дар бораи фазои интихоботии Тоҷикистон дурўғи маҳз аст! Ин хоинони миллат наход имонашро пурра фурўхта бошанд, ки рўирост дурўғ мегўянд? Мардуми Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаашон овози худро доданд.

Аммо наҳзатиҳо бо алам менависанд, ки «ҳоюҳуе, шавқу шўре, дағдағае нест!» Яъне мехоҳанд, ки ҳамаи халқ мисли онҳо доду фарёд  зананд, ҳоюҳуй кунанд, ба ҳамдигар дарафтанд? Ин аст тасаввури одамони ифротӣ дар бораи интихобот. Аммо дар ҷомеаи бомаданият шарт нест, ки одамон доду фарёду «ҳоюҳуй» кунанд. Мардум номзадҳоро омўхтанд, барномаҳояшонро хонда, мавқеашонро рўзи интихобот муайян намуданд. Шояд ин сатҳи маърифат ва қарзи шаҳрвандӣ барои наҳзатиён бегона бошад.

Бояд ошкоро гўем, ки сабаби асосии бадгўйии ва бадбинии кардани боқимондаҳои ТЭТ ҲНИ бо сарварии М.Кабирӣ дар он аст, ки онҳо дар ин масъала дар дилҳояшон аламҳои зиёд доранд. Онҳо ба интихоботи парламентии соли 2015 умедҳои калон баста буданд, аммо халқи Тоҷикистон дар он интихобот ба наҳзатиён «Не!»-и қатъии худро иброз дошт. Ин шикасти барояшон фоҷеавӣ дар дили наҳзатиён нақши  чуқурро гузошт, ки онро ҳаргиз фаромўш намекунанд. Бинобар ин, онҳо нисбат ба интихобот нафрат ва қасди калон доштанд. Дар чунин рўҳияи баланд гузаштани интихоботи Тоҷикистон барои онҳо дарднок буд. Онҳо дида наметавонанд, ки бе ифротиён ҳам интихобот баргузор мешавад ва ҳаёт идома дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, онҳо тамоми кўшишашонро харҷ карданд, ки интихоботро «кару гунг» нишон диҳанд ва фазои солиму ороми интихоботиро халалдор созанд.

Онҳо изҳорот ҳам доданд, ки шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ба тарафи Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд. Ин корашон нишони пурра шикаст хўрдани сиёсати наҳзатиҳо барои беэътибор донистани интихоботи  парламентӣ мебошад, аммо мавқеи нави онҳо ба ягон ақли солим рост намеояд. Зеро изҳороту тарафдории ин гурўҳҳо пурра ба зарари ҲСДТ шуд. Бинобар ин, роҳбарияти ҲСДТ маҷбур шуд, ки аз тариқи радиои «Озодӣ» баромад карда, безор будани худашро аз тарафдории ин гурўҳҳо эълон кунад, чунки медонанд, ки тарафдории онҳо ба ин ҳизб зарбаи сахт мезанад.

Хулоса, наҳзатиён ва бадхоҳони дигари миллати тоҷик ба раванди интихоботи парламентӣ ягон таъсир расонида натавонистанд, аммо наҳсии дастгирии ин гурўҳҳои террористӣ ба ҲСДТ ва номзадҳои он расида, обрўйи онҳоро дар назди ҷомеа ва интихобкунандагон пурра коста намуд.

                                                                                           

                                                                                                      Анвар ЮСУПОВ

Котиби матбуотии Хадамоти муҳоҷират

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо