[:tj]
Дар барномаи мустақиме, ки радиои маҳаллии “Пайванд” (вилояти Суғд) бо иштироки сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ташкил намуд, маҳз ҳамин савол мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-Тибқи маълумотҳои мавҷуда ҳар сол дар ҷумҳурӣ наздик ба 200 ҳазор нафар хонандагон мактабро хатм мекунанд. Аз ин шумора наздик ба 30 – 35 фоизашон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд ва таҳсилашонро идома медиҳанд. Дар ин радиф як қисми муайяни онҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд, гурӯҳе дар маҳалли зисти худ ё ҷои дигар бо кор таъмин мешаванд ва як зумра роҳи муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегиранд. Дар рафти барнома ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ки чаро ин нафарон маҳз муҳоҷиратро интихоб менамоянд,- гуфт зимни мусоҳибаи кӯтоҳ Манзурат Саторова.
Бино ба иттилои ӯ ҳамасола дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ ва квотаи муқарраргардида садҳо ҷавонони тоҷикистонӣ барои таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳо ба Федератсияи Русия мераванд. Ҳамчунин кам нестанд ҷавононе, ки бидуни созишномаву квота хоҳиши дар ин кишвар идома додани таҳсилро доранд ва бо ташаббуси худ ба шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар дохил мешаванд. Албатта, мавҷуд набудани ҷои кор бисёр ҷавонон, пеш аз ҳама, сокинони минтақаҳои аз марказҳо дур ва деҳотро водор менамояд, ки баъди хатми мактаб ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
– Мутаассифона,- мегӯяд Манзурат Саторова,- дар ин байн нафарони камшуморе ҳам ҳастанд, ки маҳз ба хотири саркашӣ ва гурехтан аз хизмати ҳарбӣ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Аммо шумораи онҳо дар қиёс бо ҷавонони далеру ватандӯст, соҳибмаърифату худшинос, ки ҳамеша барои дифои халқу Ватани худ омода ҳастанд, ниҳоят кам аст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳазорон нафар ҷавонон бо хоҳишу ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Далели ин гуфтаҳо ба таври муташаккилона, бо иштироки волидону наздиконашонашон сафарбар гардидани аскарони оянда ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамагӣ дар як ё ду навбати гусел иҷро шудани нақшаи даъват мебошад. Бо назардошти ин, мо бо дили пур гуфта метавонем, ки насли наврасу ҷавони кишвар ояндаи мо ва сипари боэътимоди Ватан ҳастанд, онҳо ҳамеша бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ҳастанд ва мемонанд!
Ёдовар мешавем, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд яке аз сохторҳои беҳтарин ва пешқадамтарини Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, радиои маҳаллии “Пайванд” дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба муҳоҷират мунтазам барномаҳои ҷолибро пешкаши мухлисону муштариёни худ мегардонад. Албатта, ин ҳамкорӣ минбаъд боз ҳам густариш меёбад ва радиои мазкур дар самти инъикоси фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он саҳми арзанда мегузорад.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]