[:tj]1 июни соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мактаб-интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдак чорабинии идона доир гардид.
Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷамшедхон Сайфулло дар ин чорабинӣ ба ҳайси намояндаи масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуд ва табрикоти Раиси вилоятро ба самъи хонандагон расонид.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идона барои кўдакон (аз ҳисоби буҷети мактаб-интернат) густурда шуд. Дар умум барои ташкили дастурхони идона – нон, қанд, ширқиём, қулчақанду шириниҳо, самбўса, ду намуд ҳасибча, панир, нўшокиҳои ташнашикан, тар мева (себ, гелос, банан, зардолу, олу), бодирингу помидор, хуриш, яхмос ва оши палов истифода шуд.
Аз номи аҳли ҷомеаи хонандагон ва омўзгорони муассиса директории мактаб-интернат Г. Обидова ба унвони роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд миннатдорӣ баён кард.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
дар шаҳри Конибодом
[:]