Чорабинии идона дар хонаи кўдакон

[:tj]Дар асоси Ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб – интернатҳо, хона – интернатҳо барои калонсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кўдакон аз тарафи корхонаҳо ва ташкилотҳои вобасташуда 1-уми ноябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Хонаи кўдакони байниноҳиявӣ»-и шаҳри Истаравшан низ чорабинии идона доир шуд.

Дар ин чорабинӣ муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷамшедхон Сайфулло ба ҳайси намояндаи масъул аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд. Дар вазъияти тантанавӣ аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тарбиятгирандагони муассисаро табрик гуфта, баъдан барояшон табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат кард ва дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси шаҳри Истаравшан ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҷамшедхон сайфуллозода ҳамзамон бо шароити таълиму тарбия ва вазъи зиндагии тарбиягирандагон шинос шуд.

Ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Хонаи кўдакони байниноҳиявӣ»-и шаҳри Истаравшан 25 нафар кўдак, аз ҷумла 12 нафар писар ва 13 нафар духтар таълиму тарбия гирифта истодаанд. Аз шумораи умуми кўдакони то синни 1-сола 3 нафар, аз синни 1 то 2-сола 6 нафар, аз синни 2 то 3-сола 3 нафар, аз синни 3 то 4-сола 4 нафар, аз синни 4 то 7-сола 9 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар байни тарбиятгирандагон 3 нафарашон ятими кул мебошанд.  Аз падари танҳо 5 нафар, аз модари танҳо 11 нафар, аз модари бемор 5 нафар ва аз оилаҳои камбизоат 1 нафар дар ин ҷо таълиму тарбия мегиранд.

Корхонаи муштараки «Оби Зулол», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Дўстӣ», «Фатҳиддин», «Авис – Сити» ва «Умаров Сарвар» сарпарасти Муассисаи давлатии «Хонаи кўдакони байни ноҳиявӣ»-и шаҳри Истаравшан мебошанд. Аз ҷумлаи ҶДММ «Авис – Сити» дастурхони идона ташкил намуда, ширкати нақлиётии «Дўстӣ» барои тарбиятгирандагон туҳфаҳои хотиравӣ харидорӣ кард.

Дар умум чорабинии идона бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Хонаи кўдакони байни ноҳиявӣ»-и шаҳри Истаравшан хуб гузашт ва дар ҷамъбаст сарвари муассиса ба унвони Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён кард.

 

                                                                                           Мардон Қурбонов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо