ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ – МАЪРИФАТИИ МУШТАРАК

[:tj]Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак ва коррупсия доир гардид.

Чуноне ки сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Манзурат Саторова иттилоъ дод, чорабинии мазкур дар асоси супориши сардор Тоҳир Каримзода ва барқияномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №174-483 аз 28 майи соли 2019 таҳти раисии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода ҷараён гирифта, дар он муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшедхон Сайфуллозода,ҷонишини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Илҳом Қодиров, корманди шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Субҳон Қодиров, мудирони як қатор шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, кӯчаҳо ва биноҳои баландошёна, сарварони шӯроҳои кор бо занон ва ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва фаъолон даъват иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода ифтитоҳ бахшид ва зимни суханронии муқаддимавиаш изҳор намуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Террористону экстремистон, душманону бадхоҳони миллату давлат, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, бештар ҷавонони гумроҳ, муҳоҷирони меҳнатӣ, нафарони ба маблағ ниёздошта ва шахсони аз ҷамъият ранҷидаро, ки маърифати баландиҳуқуқӣ ва дониши мукаммал надоранд, бештар фирефта, ба сафҳои худҷалб мекунанд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аҳли ҷомеаро ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд.         Чорабинии иттилоотӣ – маърифатии имрӯза низ ба ин самт нигаронида шудааст. Итминон дорем, ки тавассути доир намудани чунин мулоқотҳо сокинони шаҳр, махсусан насли наврасу ҷавон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир бештар огоҳӣ ёфта, дигаронро низ бохабар мекунанд ва муборизаи дастҷамъонаи аҳли ҷомеа дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб самараи бештар медиҳад.

Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Сайфуллозода дар маърӯзаи худ баён дошт, ки дар асоси барқияномаи Хадамоти муҳоҷират таҳти №174-483 аз 28 майи соли 2019 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ва аъзои оилаашон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили доғи рӯз корҳои иттилоотию фаҳмонидадеҳии муштарак ба роҳ монда шуда истодааст. Имруз чунин вохӯрӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани чунин вохӯрию мулоқотҳои судманд тадбирҳои мушаххас меандешад ва ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли толор суханронии лейтенанти калони шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодиров Субҳон ва муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Қодировро шуниданд. Номбурдагон дар рафти суханрониҳои худ бо мисолҳои мушаххас оид ба хавфу хатари экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб ба амнияту суботи давлат ва рӯзгори осоиштаи мардум маълумот дода, қайд намуданд, ки танҳо бо муттаҳидию тифоқӣ, ҳамдиливу ҳамрайъӣ ва кӯшишу ғайрати муташаккилонаи аҳли ҷомеа метавон бо хатарҳои замони муосир муқовимат намуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ дар ин самт масъулияти бузургро ба зимма доранд ва корҳои муайянро ба иҷро расонида истодаанд. Вале аз ҷониби сокинони диёр ҳам бояд дар самти мазкур ташаббускорию дастгирӣба назар расад.

Баъди шунидани маърӯзаҳо суҳбати озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, кибо назардошти кори дастҷамъона будани мубориза бар зидди хавфу хатарҳоиҷаҳонӣ ва вабои аср, корҳои фаҳмондадиҳиро, пеш аз ҳама, бояд дар маҳаллаҳо ҷоннок кард. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро зарур аст, кидар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор ин гуна чорабиниҳоро бештар доир намояд. Ҳамзамон аз номи кулли иштирокчиёни мулоқот ба меҳмонон арзи сипос намуда, дар татбиқи амалии дастуру супоришҳо ба иштирокчиёни мулоқот равнақу барори кор таманно кард.

 

                                                                Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо