Чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ

[:tj]Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, воридшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доир гардид.

Чуноне ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Дилшод Раҳматуллоев иттилоъ дод, чорабинии мазкур дар асоси супориши сардор Тоҳир Каримзода ва барқияномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №174-483 аз 28 майи соли 2019 таҳти раисии муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ сарпарасти соҳа Фируза Камолзода ҷараён гирифта, дар он мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон, бахши кор бо занон ва ҷавонон, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия  Ф.Камолзода ифтитоҳ бахшид ва зимни суханронии муқаддимавиаш изҳор намуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Террористону экстремистон, душманону бадхоҳони миллату давлат, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, бештар ҷавонони гумроҳ, муҳоҷирони меҳнатӣ, нафарони ба маблағ ниёздошта ва шахсони аз ҷамъият ранҷидаро, ки маърифати баландиҳуқуқӣ ва дониши мукаммал надоранд, бештар фирефта, ба сафҳои худҷалб мекунанд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аҳли ҷомеаро ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд.    Чорабинии иттилоотӣ – маърифатии имрӯза низ ба ин самт нигаронида шудааст. Итминон дорем, ки тавассути доир намудани чунин мулоқотҳо сокинони шаҳр, махсусан насли наврасу ҷавон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир бештар огоҳӣ ёфта, дигаронро низ бохабар мекунанд ва муборизаи дастҷамъонаи аҳли ҷомеа дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб самараи бештар медиҳад.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Дилшод Раҳматуллоев дар маърӯзаи худ баён дошт, ки дар асоси барқияномаи Хадамоти муҳоҷират таҳти №174-483 аз 28 майи соли 2019 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии воридшавии онҳо ва аъзои оилаашон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили доғи рӯз корҳои иттилоотию фаҳмонидадеҳии муштарак ба роҳ монда шуда истодааст.

Баъди шунидани маърӯзаҳо суҳбати озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд. Муовини раиси ноҳия Фируза Камолзода чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бо назардошти кори дастҷамъона будани мубориза бар зидди хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ ва вабои аср, корҳои фаҳмондадиҳиро, пеш аз ҳама, бояд дар маҳаллаҳо, ҷамоату деҳот ҷоннок кард. Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор ин гуна чорабиниҳоро бештар доир намояд. Ҳамзамон аз номи кулли иштирокчиёни мулоқот ба меҳмонон арзи сипос намуда, дар татбиқи амалии дастуру супоришҳо ба иштирокчиёни мулоқот равнақу барори кор таманно кард.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо