Чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатӣ дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ

[:tj] 

 

Дар асоси барқияи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06.2020, №176/497 ва барқияи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз 25.06.2020, №16,1 – 191 бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 26-уми август чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатиро дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ доир намуд.

Ҳамагӣ дар мулоқот 50 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок карданд. Мавзӯи асосии чорабинӣ чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии бемории “Коронавирус” ва муҳоҷирати бехатар буд.

Баъди суханронии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Маҳадбоқӣ Қурбонов саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори озод доир гардид. Ба иштирокчиён зимни ҷамъбасти чорабинӣ як номгӯи маводи ташвиқотию тарғиботӣ тақсим карда шуд.

 

                                                                   Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар ноҳияи Мастчоҳ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо