Чорабинии ҳамрадиф оид ба муҳоҷират ва камшавии захираҳои об дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028

[:tj]19 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллӣ  Чорабинии ҳамрадиф оид ба «Муҳоҷират ва  камшавии захираҳои об» дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд,  намояндагони  сохторҳои марбутаи давлатии ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар баромадҳо, аз ҷумла дар сухани ифтитоҳии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Маҳмадуллозода Н.Р. ва   дигар иштирокчиёни чорабинӣ фикру назарҳои илман асоснок карда шуда доир ба масъалаҳои  вобастагии равишҳои муҳоҷиратии ҷаҳонӣ аз  тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои об  баён гардиданд.  Омилҳои мазкур, ба мисли  пасомадҳои тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои об, офатҳои табии марбут ба об чун мутаҳаррики равандҳои муҳоҷиратӣ, аз ҷумла муҳоҷирати экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маънидод гардиданд. Қайд карда шуд, ки  мувофиқи арзёбиҳои  Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 1,8 миллиард  аҳолии сайёра дар минтақаҳои  мухталиф аз камбуди об танқисӣ  кашида,   омилҳои хушксолӣ ва харобшавии заминҳо боиси муҳоҷирати иҷбории   24 миллион то 700 миллион нафар хоҳанд гардид.  Инчунин таъкид карда шуд, ки аз тарафи дигар, идоракунии устувори об ва замин метавонад ба вусъатдиҳии барқароршавии аҳолии зарардида  мусоидат намуда, ба наҷот аз муҳоҷирати  маҷбурӣ кўмак намояд. Муҳоҷират ҳам дар навбати худ метавонад намунаи мувофиқгардонӣ ҳангоми тағйири бебозгашти иқлим гардад.

Мақсади чорабинӣ, ки қадамҳои ҷавобиро ба самти бехатарии об ва муҳоҷират дар чаҳорчўбаи қаринаҳои гуногун хоҳад сохт, аз мусоидат намудан дар масъалаҳои зерин низ иборат буд:

– омўхтани сиёсат, табодули иттилоот, роҳандозиии ҳамкориҳои зарурӣ ва имкониятҳои мавҷуда;

– шиносоӣ бо таҷрибаҳои алоқаманд дар  минтақаҳои гуногун,  ҳамчунин таҷрибаҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи миллӣ;

– баррасии  амалҳои  ҷавобӣ ва таҷрибаҳои  беҳтарин.

                                                                           Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                                                         ва шуғли аҳолии ҶТ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо