Чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ идома дорад

[:tj] 

 

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, айни замон бо мақсади иҷрои Амри раиси ноҳияи Варзоб аз 19-уми ноябри соли 2019, № 204 дар хусуси таъсиси гуруҳи корӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябри соли 2019, № 1356 дар байни ҷавонону наврасон, занону бонувон гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа, деҳаҳои Ғажне, Варзоб-Қалъа ва мавзеи Мурутак бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб силсилаи чорабиниҳои муштараки иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Мавзўи асосии чорабиниҳои доиргардида дар сатҳи зарурӣ гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ноҳия, будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумњурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа ба гуруҳҳои терорристиву экстремистӣ, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам ВНМО ва сил дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ буд.

 

Зимни суханрониҳо ва саволу ҷавоби озод таъкид гардид, ки пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, коррупсия, ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, вайроншавии оилаҳо ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб дастҷамъию муттаҳидии кули аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳамагон бояд аз як гиребон сар бароварда, зиндагии шоистаи худу ояндагонро таъмин созем.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб минбаъд низ дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкории густурдаро ба роњ мемонад.

 

                                                                    Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар ноњияи Варзоб

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо