[:tj]Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми семоҳаи дуюми соли равон ҳам шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар самти ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ вобаста ба мавзўи пешгирию мубориза алайҳи хатарҳои замони муосир, аз ҷумла бемориҳои гузаранда, терроризму экстремизм ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ корҳои муайянро ба сомон расониданд.
Масалан бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд», ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек», ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва фаъолони ҷомеа дар ин давра чор маротиба семинарии маърифатӣ- иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо наздик ба 300 нафар шаҳрвандон иштирок карданд, ки як қисмашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Мастчоҳ
[:]