[:tj]
Тибқи супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5 сентябр дар раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ ба роҳ мондани ободкорӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебо намудани муҳит буд.
Кормандони дастгоҳи раёсат дар доираи шанбегӣ утоқҳои корӣ ва майдону роҳрави назди бинои коргоҳро якҷоя бо кормандони дигар сохторҳои дар бинои шуъбаи ҳифзи иҷтимоии МИҲД-и вилоят ҷойгирбуда ба тартиб дароварда, корҳои кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атрофро ба роҳ монданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд минбаъд ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки ҳамаи кормандон чунин шанбегиро ба роҳ мемонад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]