Шанбегӣ дар Хадамоти муҳоҷират

     Ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию  бунёдкорӣ сармашқи доимии фаъолияти худ намуда, ба шанбегӣ баромаданд.

     Онҳо дар ин  чорабинии  дастаҷамъона ҳуҷраҳои корӣ, роҳраву даҳлезҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Хадамотро тозаю озода намуда, дарахтони сояафкан шинонида, инчунин бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ кормандони Хадамот фаъолона ширкат варзиданд. Шанбегӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.

     Ҳайати кормандони Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтаанд, ки то  Наврӯзи Аҷам ҳар рӯзи шанбе ин иқдоми наҷибу сарсабзгардониро идома диҳанд ва ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.

Анвар ЮСУПОВ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо