ШАРҲИ РАСМИИ ВКД РОССИЯ ОИД БА ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГИ ДАР СОҲАИ МУҲОҶИРАТ БО ДАРНАЗАРДОШТИ КОҲИШ ЁФТАНИ МАҲДУДИЯТҲО МАРБУТ БА ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС

[:ru] 

Указом Президента Российской Федерации от 15 июня 2020 г. № 392 «О внесении изменений в Указ Президента Российской Федерации от 18 апреля 2020 г. № 274 «О временных мерах по урегулированию правового положения иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации в связи с угрозой дальнейшего распространения новой коронавирусной инфекции (COVID-19)» для всех иностранных граждан, прибывших в Россию как в визовом, так и в безвизовом порядке, до 15 сентября 2020 года продлевается приостановление сроков временного пребывания (включая продление виз), временного или постоянного проживания (включая продление вида на жительство), сроков, на которые иностранные граждане поставлены на учет по месту пребывания или зарегистрированы по месту жительства, а также сроков действия свидетельств о временном убежище, удостоверении беженца.

Для иностранных граждан, выехавших за пределы России до закрытия границ и имеющих разрешение на временное проживание, вид на жительство или свидетельство участника Госпрограммы, не засчитывается период с 15 марта по 15 сентября 2020 года в срок действия указанных документов.

Также в обозначенный период в отношении иностранных граждан не будут приниматься решения об аннулировании ранее выданных виз, разрешений на временное проживание, видов на жительство, разрешений на работу, патентов и свидетельств участника Госпрограммы переселения соотечественников, лишении статуса беженца или временного убежища.

Обращаем внимание, что с 16 июня 2020 года для осуществления трудовой деятельности иностранным гражданам необходимо разрешение на работу или патент с соответствующей оплатой авансовых платежей по налогу на доходы физических лиц.

При этом иностранные граждане имеют право обращения с заявлением о выдаче (продлении, переоформлении) разрешения на работу и патента независимо от цели въезда. Разрешения на работу иностранным гражданам из «визовых» стран будут выдаваться со сроком действия до 15 сентября 2020 года.

Одновременно с этим информируем, что работодатель или заказчик работ (услуг) в течение 3 рабочих дней после заключения с иностранным гражданином трудового либо гражданско-правового договора обязаны подать соответствующее уведомление в подразделение по вопросам миграции территориального органа МВД России.

                            Представительства Министерства труда, миграции и

                             занятости населения РТ в РФ по вопросам миграции

                                                                                

 

 [:tj] 

Мувофиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2020 №392 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 №274 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР дар робита ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти «Коронавирус» (СOVID-19)» ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҳудуди Россия ба таври бо раводид ё худ бидуни раводид ворид шудаанд, муҳлати боздории санадҳои будубоши муваққатӣ (аз ҷумла раводид) иҷозати муваққатӣ ва доимии зист ва қайди муҳоҷиратӣ, инчунин муддати амали шаҳодатномаҳои муваққатии паноҳандагӣ ва шаҳодатномаҳои паноҳандагӣ то 15 сентябри соли 2020 тамдид карда мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷие, ки то басташавии сарҳадҳо ҳудуди Россияро тарк кардаанд, муддати иҷозатномаҳои муваққатии зист,

иҷозатномаи доимии зист, шаҳодатномаҳои иштирокчии барномаи давлатӣ доранд, аз 15 март то 15 сентябри соли 2020 муддати амал ҳисобида намешавад.

Ҳамчунин дар муҳлати зикршуда нисбати ба шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаҳои муваққатии зист, иҷозатномаи доимии зист, шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатӣ оид ба бозгардонии ҳамватанон, инчунин иҷозатномаи кор ва патент доранд, ҳалномаҳо вобаста ба бекор кардани ҳуҷҷатҳои мазкур қабул карда намешавад.
Вазорати корҳои дохилии Россия, дар шарҳи худ таъкид медорад, ки шурӯъ аз 16 июни соли 2020 барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо иҷозатномаи кор ва патент фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, тибқи муқаррарот бо пардохти андозҳо барасмиятдарории санадҳои мазкурро ба роҳ монанд.

Дар шарҳи расмӣ оварда шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор ва патент (тамдид намудан ё аз нав барасмиият даровардан) сарфи назар аз қайди мақсади вуруд дар корти муҳоҷиратӣ (одатан дар корти муҳоҷиратӣ мақсади вуруд «кор» (работа) нишон дода мешуд) метавонанд, муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки корфармо бояд дар давоми на дертар аз 3 рӯзи корӣ баъди бастани шартнома бо шаҳрвандони хориҷӣ  ба мақомоти ҳудудии ВКД Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират тибқи муқаррарот огоҳинома ирсол намояд.

Дар робита ба коҳиши маҳдудиятҳо ва васеъ шудани имкониятҳо барои фаъолияти меҳнатӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират аз ҳамватанон, ки дар Россия будубош доранд ва бо сабабҳои гуногун дар ин муддат санадҳои будубош ва фаъолияти корияшонро барасмият надаровардаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ин фурсат истифода намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд.

Зеро мувофиқи фармони пештара аз 15 март то 15 июн ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати бе патент кор кардан дода шуда буд. Тибқи фармони нав аз 16 июн бидуни патент кор карда намешавад.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароитҳои барасмиятдарории санадҳои қонунӣ барои будубошу фаъолияти меҳнатӣ дар манотиқи гуногуни Россия ва бо мақсади бартараф намудани нофаҳмиҳо ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо Намояндагӣ аз ҳамватанон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои дарёфти посухҳои дақиқ ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:

 

+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78.

                                      Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                                 шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо