Шаҳрванди ҷумҳурӣ огоҳ бошад, ки…

[:tj]Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ вақте ки соҳиби патент мегардад ва ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз менамояд, албатта аз кордиҳандаи худ шартномаи меҳнатиро талаб намояд. Зеро дар муддати ду моҳе, ки соҳиби патент гардидаед. Шумо вазифадоред нусхаи шартномаро ба шуъбаи федералии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Россия дар ҷойи иқомат пешниҳод намоед.

Сокинони ҷумҳурӣ – муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар хотир дорад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари Федератсияи Россия кордиҳанда ҳуқуқ надорад, ки шиносномаатонро аз дастатон кашида гирад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоятон (шиноснома, корти муҳоҷирӣ, қайди муҳоҷирӣ, сертификат ва патент)-ро нусхабардорӣ карда, дар Идораи нотариалӣ тасдиқ намояд ва дар ҷойи бехатар нигоҳ доред.

Шаҳрванди мамлакат огаҳ бошад, ки ҳама вақт бо худ рақами телефонии боварии консулгарии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти муҳоҷират дар Федератсияи Россияро дошта бошад. Иҷрои корҳои ҳаррўзаатонро ба қайд гиред ва расидҳои маблағи гирифтаатонро нигоҳ доред.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ-муҳоҷири меҳнатӣ назди корфармои худ ҳуқуқ дорад, барои муомилаи хуб ва музди маоши мувофиқ. Муҳоҷири корӣ бо хоҳиши худ метавонад муносибати меҳнатиашро бо кордиҳанда қатъ намояд, дар ҳолати муомилаи сахти кордиҳанда ба мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи кишвари Россия ба Шуъбаи корҳои дохилӣ, Хадамоти федералии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохила, мақомотҳои судӣ ва ғайраҳо муроҷиат намояд.

Дар хотир доред, ки ҳуҷҷатҳои шахсиатонро танҳо кормандони полис ва Хадамоти федералии муҳоҷират ҳуқуқи тафтиш кардан доранд. Инро низ набояд фаромўш кард, ки дар ҳолатҳои гузаронидани амалиётҳои махсус, кормандони Хадамоти  федералии муҳоҷират якҷоя бо кормандони полис, прокуратура ва нозироти меҳнат метавонанд ҳуҷҷатҳои Шуморо тафтиш намоянд.

Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандони мамлакат, ки азми сафари корӣ ба Федератсияи Россия доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ҳатман барои гирифтани маслиҳатҳои муфид ба бахшу шуъбаҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

                                                                                             Анвар Юсупов     

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо