Шаҳрвандони кишварамон барои рафтан ба сафари Россия омодагӣ мебинанд!

[:tj]То фарорасии фасли баҳор рўзҳое башумор мондааст, алакай садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, баҳри таъминӣ бўҷаи оилавии худ барои кор ба кишвари Россия омодагӣ дида истодаанд. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии ҶТ ҳамеша серодам аст.

Аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират, мақсади онҳо ҳарчӣ беҳтару хубтар донистани тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо худро бо системаи «Он-лайн» – и ФМС ва Хадамоти Федеролии амнияти Россия дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТмесанҷанд.

Бояд ёдовар шавем, ки рўз то рўз нисбати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи мақомотҳои дахлдорӣ ФР бозпасфиристодани онҳо торафт бештар мегардад. Хадамоти муҳоҷират аз чунин рафтори онҳо нигарон аст. Алакай дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ рӯйхати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нерӯҳои марзбонии Русия монеи вурудашон ба қаламрави ин кишвар шуданд, зиёд шуда истода аст.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расониданием, ки фаъолияти Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ш. Душанбе ва ШНТҶ ба роҳ монда шудааст.

Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони кишварамонро, ки тавассути мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия аз ин кишвар бо сабабҳои гуногун ронда мешаванд, барои муайян намудани онҳо (то кадом мўҳлат ва бо кадом сабаб баргардонидааст) ба унвонии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия ва Хадамоти Федералии бехатарии Россия мактуби расмӣ ирсол менамоянд, то ба шаҳрвандони мамлакат кўмаки худро расонанд.

Дар соли 2015 ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он 112183 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 10165 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Аз он – 100891 нафар шифоҳӣ, 2794 нафар хаттӣ ва 8788 нафар тавассути телефонӣ муроҷиат намуданд.

Кордонии кормандони Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ки 36292 нафар шаҳрвандони мамлакатро, ки дар рўйхати мамнуъшудагон қарор доштанд аз сафари бебарор ба кишвари Россия боздоштанд. Вагарна ба буҷаи оилавии ҳар кадоми онҳо ҳисороти моддӣ оварда мерасонид.

Ба ғайр аз ин, кормандони Бахш ба ҳар як муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, 12 намуди маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россияроба тариқи ройгон супорида ному насаби онҳоро санҷида ҳуқуқи ба Федератсияи Россия рафтанро фаҳмонда медиҳанд.

Айни замон муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, ба ин Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ рўз то рўз меафзояд.

           Амиралӣ Шарипов
мутахассиси пешбари Бахши иқтисод ва банақшагирӣ.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо