Шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд

[:tj]Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Маркази саломатии шаҳр чорабинии профилактикӣ – маърифатӣ – иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ин вабои аср ва дигар бемориҳои сироятӣ гузаронида шуд. Дар умум 80 нафар шаҳрвандони гуногунсиннусол ва гуногункасб, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

Дар қисмати аввали чорабинӣ кормандони маркази вилоятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббию санитарии иштирокчиён маърўза карданд ва ба саволҳои вобаста ба мавзўъ додашуда посух гуфтанд. Дар радифи онҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол Фахриддин Ойматов низ доир ба муҳоҷирати бехатар сухан ронд ва аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидону наздикони онҳо даъват ба амал овард, ки нисбати масъалаи мазкур бетараф набошанд.

Дар қисмати дуюми чорабинии профилактикӣ – маърифатӣ – иттилоотӣ аз ҷониби ташкилкунандагон ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва маводҳои пешгирикунанда тақсим гардид ва онҳо аз ташхиси тиббии ройгон гузаронида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки айни замон ба шарофати пешрафти илму техника ташхиси тиббӣ оид ба бемории ВНМО ҳамагӣ дар зарфи чанд дақиқа анҷом дода мешавад.

 

                                                                     Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Истиқлол

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо