Шаҳрвандон ба зодгоҳашон баргаштанд

[:tj] 

 

 

 

Аз 16 то 24-юми сентябри соли равон 10 нафар шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд ва дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида буданд, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва дигар воситаҳо ҷиҳати бунёди беморхонаи сироятӣ дар ноҳия, таъмини таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ барои беморхонаи сироятӣ, бозомӯзӣ ва омода кардани мутахассисони сироятшинос дар дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷумла кишварҳои Россия, Белорус ва Чин тадбирандешӣ намуда истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тасмим гирифтааст, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва бо ҷалби соҳибкорон беморхонаи бемориҳои сироятиро барои 40 кат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳад. Барои омодасозии лоиҳаи иншооти мазкур мактуби дархостӣ ба Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардидааст.

Ҷиҳати бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони сироятшинос аз кормандони соҳаи тандурустии ноҳия давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 80 нафар ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуда, барои беморхонаи марказии ноҳия оид ба омода намудани мутахассисони сироятшинос 4 нафар табибу 4 нафар ҳамшира ва бародарони шафқат  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дархост пешниҳод карда шудааст. Дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятии нави “Коронавирус” (COVID-19) ва ба карантин фаро гирифтани муҳоҷирони дохиливу хориҷии кишвар кормандони беморхонаи марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳия аз ҷониби мутахассисони варзидаи кишвар пурра омӯзонида шуда, таҷрибаи хуб гирифтанд.

Баҳри иҷрои банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз тарафи бахш ба сокинони деҳаҳои зикргардида, ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД -19 ба миқдори 200 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда шуд.

Инчунин, аз ҷониби бахш муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони деҳаҳои мазкур ба миқдори 60 нусха дастрас гардонида шуд.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                              Олимзода Орифҷон Олим

                                                       сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар ноҳияи Варзоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо