Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ бо маром идома дорад

То 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118  нафар шифоҳӣ, 40 нафар  муроҷиати  хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират муайян карда шуда, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Асосан муроҷиаткунандагон оиди масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Россия, қонунгузории  кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Россия, барқарор намудани  ҳуҷҷатҳои  гумшуда, кумаку ёрӣ расонидан барои  ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кории нав ва дар ин замина паст намудани шиддати муҳоҷирати мехнатӣ ба хориҷа, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб меёбад, ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда, масъалаи мазкурро таҳти назорати доимии худ қарор додааст.

Қобили зикр аст, ки зимни додани иҷозатномаи фаъолият барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба масъалаи таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминкунии шаҳрвандони кишварамон дар ин субъектҳои хоҷагидор афзалият дода мешавад.

Бо ин мақсад, дар соли 2020 ширкатҳое, ки мутахассисони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудаанд, дар баробари онҳо 34528 нафар ва дар панҷ моҳи соли 2021 бошад 12670 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриӣ бо ҷои кор таъмин намуданд.       

Дар ин муддат аз ҷониби кормандони масъули раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 1585 вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 137 ҳазору 818 нафар гузарониданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 136 вохӯрӣ бо иштироки 2538 нафар, вилояти Суғд 157 вохӯрӣ  бо иштироки 12020 нафар, вилояти Хатлон   578 вохӯрӣ бо иштироки 21 139 нафар, шаҳри Душанбе 115 вохӯрӣ бо иштироки 23 694 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 332 вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама  фаҳмонидани фармони Президенти Фндератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» мебошад.

Бояд қайд кард, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намуданд, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд.

Тибқи фармони мазкур, агар шаҳрвандони ҷумҳурӣ буду боши худро дар Федератсияи Россия то 30 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия мань аст, шомил мешаванд.

Бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии буду бош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоед.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо