Шаҳрвандон сипосгузоранд

[:tj]Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 11.06.2019 таҳти №326 40 оилаи деҳаи Чангалаки Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аз шаҳраки «Сайхун» соҳиби замини назди ҳавлигӣ шуданд.

Қитъаи замин дар асоси қурапартои муайян карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки сокинони ин деҳаи дурдаст дар натиҷаи офати табиӣ ҳам соли гузашта ва ҳам соли равон зарардида буданд.

19 июни соли равон муовини Раиси вилоят оид ба соҳаи кишоварзӣ Рустам Каримзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, муовини авали раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Сўҳроб ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба сардорони оила дар вазияти тантанавӣ нусхаи қарорро супориданд.

Ҷавобан шаҳрвандони соҳиби замингашта, қаноатмандии худро изҳор намуда, ба Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳал, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд барои ғамхорӣ ва пуштобонӣ миннатдории самимӣ баён намуданд.

                                                                        Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо