Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сарпарастони соҳа муайян гардиданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон Ҳакимзода Шарифҷон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масъули муассисаи давлатии литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб буда, 1 июни соли равон аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар сохтмони литсей шинос шуданд ва дар назди масъулон супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират