Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Қубодиён

15 майи соли равон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ба Ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос шуд ва дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободкорию созандагӣ дар саросари кишвар бо маром идома дошта, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти бевоситаи иншоотҳои ҷашнии Ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён мебошад.          Зимни шиносоӣ Сардори Хадамот аз ҷараёни кору фаъолият дар иншооти мазкур иттилоъ дода шуд, ки қисми зиёди сохтмони иншоот ба итмом расида, дар арсаи ифтитоҳшавӣ қарор дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо