[:tj]
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб бо теъдоди 40 адад шиору овезаҳоро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» дар утоқҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, муассисаҳои таълимӣ, мағозаҳо, деҳаҳои ҳудуди ноҳия ва касбомӯзоне, ки аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардидаанд, насб карда шуд.
Айни замон шиору овезаҳо бо теъдоди 300 адад ба беморхонаи марказии ноҳия, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва ба раёсати маорифи ноҳияи Варзоб 350 адад дастрас гардид.
Бахш дар асоси нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» хуб ба роҳ мондааст.
Ба иттилоъ мерасонем, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Ситод аз 2-юми феврали соли равон оид ба масъалаи зикргардида таъсис дода шудааст.
Аз 14 феврал то 16 марти соли ҷорӣ 107 нафар шаҳрвандони хориҷиву ватанӣ, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишвар воридшудаанд дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ гардидаанд. Онҳо муддати 14 шабонарӯз дар беморхонаи мазкур фаро гирифта шуда, баъди натиҷаи ташхиси мусбат ба макони зисташон рухсат дода шуданд. Гуфта мешавад, ки аз байни онҳо бемории сироятии “Коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст.
Инчунин, 18 март 3 нафар ва 19 марти соли ҷорӣ 82 нафар шаҳрвандони ватанӣ низ, ки аз Ҷумҳурии Туркия ба Ватан ворид шудаанд, дар беморхонаи мазкур бистарӣ гардида, 3 нафарашон ба макони зисташон рухсат дода шуда, дигарон зери назорати қатъии доимӣ қарор гирифтаанд ва аз байни онҳо бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои зикргардида, дар бахш ташкил намудани гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба воситаҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории “коронавирус”, дар ҳуҷраи кории бахш овезаҳо бо тафсири омилҳои пешгирикунандаи хавфҳои эҳтимолии эпидемияи мазкур насб карда шуд.
Дар ҳамкорӣ бо беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ташкилу баргузор намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо омода намудани маводҳои марбутаи иттилоотӣ ва шиору овезаҳо дар байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, корхонаву муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия оид ба масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, кор дар ин самт идома дорад.
Зимни суҳбату вохӯриҳо ба ҳозирин оид ба риоя намудани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, доимо тоза ва озода нигоҳ доштани утоқи корӣ, дар бинои маъмурӣ бо маводи хлоромин шустани ҳоҷатхонаҳо, дар ҷойҳои дастшӯи доимӣ гузоштани собун ва дигар маводи шустушӯи зиддисироятӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад.
Корҳо дар ин самт идома доранд.
Орифҷон Олимзода
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб
[:]