Ширкати «ПИК» коргар меҷӯяд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати сохтмонии «Пик» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мутахассиони баландихтисосро барои фаъолияти меҳнатӣ даъват менамояд.

Ширкати мазкур барои мутахассисони баландихтисос аз рӯи касбу кори гуногун маоши музди меҳнатро ба таври зайл пешниҳод менамояд:
Барои техники нигоҳдории манзил 40000 рубл, харрот – челонгар 55000 рубл, васлгари барқӣ 51000 рубл, кафшергари барқию газӣ 60000 рубл, дуредгар 40000 рубл, рангуборчӣ 51000 рубл ва барои кафшергарон 40000 рубл пешниҳод менамояд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолият кардан дар ширкати мазкурро дошта бошанд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
Телефонҳо барои тамос: 89154003943, 89199708938, 89199705624, 89163515450, 89163519517

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо