Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои тоҷикон амал мекунад

[:tj]Қобили зикр аст, ки ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Санкт – Петербург ва вилояти Ленинградӣ Фндератсияи Россия бо дарки муҳимияти кӯмак ва дастгирии ҳамватанон байни якдигар амал намуда, бисёр корҳои вобаста ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл менамоянд. Аз ин ҷост, ки ин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар «Хонаи миллатҳо» – и шаҳри Санкт – Петербург Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда, тибқи қарори дар он ба миён меомада, чорабиниҳо ташкил мекунанд.

Бояд гуфт, ки ташкилотҳои ҷамъиятии «Сомониён», «Аҷам» ва «Ватан» ҳамчунин, аъзои Шӯрои ҷамъиятии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград буда, ҳамеша бо он ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.

Айни замон Раисии ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён» – Аҳтам Маҳмудов, ташкилоти ҷамъиятии «Аҷам» – Мурод Усмонов ва  ташкилоти ҷамъиятии «Ватан» – Бахтибек Бердиев ба ӯҳда доранд.

Ба хонандагони рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» расониданием, ки ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, саҳми ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён» ки бештар бо сохтмон машғул аст, хеле калон мебошад. Ташкилоти мазкур зиёда аз 300 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, дар қонунӣ гардонидани будубош ва ҳуҷҷатнигории онҳо кӯмак мерсонад. Ташкилоти мазкур ҳамчунин, муҳоҷирзанонро бо ҷои кор ва шароити хуб таъмин намуда, маоши онҳоро аз 30 ҳазор то 70 ҳазор рубли русӣ муқаррар кардааст.

Ҷамъиятҳои тоҷикони ин минтақаи кишвари Россия доимо ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба инҷо барои фаъолияти меҳнатӣ кардан омадаанд, доир ба риоя кардани қонунгузориҳои Федератсияи Россия, сари вақт омода кардани ҳуҷҷатҳо, муроҷиат намудан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ва диаспораҳои тоҷикон, омӯзиши касбӣ, донистани забони русӣ ва пеш аз ҳама нишон додани маърифати баланди миллии тоҷикӣ, ҳамчун намояндагони халқи тоҷик маслиҳатҳои муфид дода дастгирӣ менамоянд.

                                                                                      Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо