Ярмаркаи нахустин дар соли нав

[:tj] 

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара оид ба ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии кору вазифаҳои озод ва дар ҳамҷоягӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ таҷрибаи фаровон доранд ва ин амали нек кайҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Падидаи ҷолиб он аст, ки бо назардошти зиёд будани шаҳрвандони хонашину бекор, аксари чунин чорабиниҳои муштарак  бевосита дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида мешаванд.

Дар ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои холи кор ва вазифаҳои озод дар Ҷамоати деҳоти Навгилем ба ғайр аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара ин навбат шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон» низ ҳиссагузорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ташкил намудани чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, муаррифии ҷойҳои холи кор ва вазифаҳои озод, бо шуғли доимию мавсимӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, ташвиқу тарғиби касбу ҳунарҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва муҳоҷирати бехатар буд.

Дар умум аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо 360 ҷойи холи кор ва вазифаи озод бо музди меҳнати аз 400 то 2300 сомонӣ пешниҳод гардид. Аз ҷумлаи шаҳрвандони ба ярмарка ташрифоварда 12 нафар бо кори доимӣ, 10 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардида, 12 нафар барои касбомӯзӣ ва 20 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок номнавис шуданд.

Зимни роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм изҳори андеша намуда, баъди муаррифии ҷойҳои кори аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» пешниҳодшуда аҳли ҷомеаро ба бунёдкорию созандагӣ даъват кард. Дар назди ба ярмарка ташрифовардагон ҳамчунин сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ М. Мирзомансурова ва раиси ҷамоат П. Турсунова суханронӣ намуданд.

Дар рафти ярмаркаи ҷойҳои холи кор ва вазифаҳои озод ба миқдори муайян маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карда шуд.  Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи мазкур нахустин дар соли нави мелодӣ мебошад.

                                                                                  Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо