Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба аҳолии Бадахшон

[:tj]Тибқи Нақша чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират оид ба паст намудани сатҳи бекорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, аз 20 то 24 октябри соли ҷорӣ директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе  Суҳроб Тошев дар доираи гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа барои ташкил ва гузаронидани Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ сафарбар карда шуд.

Тавре С. Тошев иброз кард, 21-22 октябр гурўҳи кории муштараки сохторҳои Вазорат масъалаи ташкили ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор дода, вазифаи ҳар як сохтори Вазорат оид ба зинату ороиш додани мизу лавҳаҳо, ҷалб намудани ВАО вилоятӣ барои эълон ва намоиши ярмарка, иштироки ҳунармандон ва собиқадорони меҳнат муайян карда шуданд.

22 октябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҳукумати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Одинамаҳмад Қурбонов ва директори Маркази машваратӣ Суҳроб Тошевро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот С. Тошев ва О. Қурбонов ба и.в. Раиси Ҳукумати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов оиди супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хоруғ маълумот пешниҳод гардид.

Дар ин вохўрӣ С. Тошев қайд намуд, ки бо мақсади паст намудани сатҳи бекорӣ дар вилоят тибқи созишномаҳои дуҷонибаи Маркази машваратӣ бо 110 корфармоёни Федератсияи Россия ба истиқоматкунандагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 510 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда мешавад. Инчунин, маълумот пешниҳод гардид, ки дар ихтиёри Маркази машваратӣ вакансияҳо дар соҳаи сохтмон, хизмати маишӣ, ҳайвонпарварӣ, коркарди маҳсулоти хўрокворӣ, саноати сабук ва ғайра мавҷуд мебошад. Музди меҳнати кормандони сафарбаршаванда вобаста аз вакансия ва дараҷаи тахассуси аз 500 то 1500 дол.ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷониби корфармоён ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешвоз дар фурудгоҳ, пешниҳоди патент (иҷозати кор), бастани шартномаи меҳнатӣ, ҷойи зисти муваққатӣ, музди меҳнати ҳармоҳаи доимӣ, хизмати тиббӣ, иловапулиҳо барои корҳои иловагӣ кафолат дода шуда, дар баъзе вакансияҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ хўроки гарми саҳарӣ, нисфирўзӣ ва бегоҳӣ дар ошхонаи корфармо пешбинӣ шудааст. Қайд карда шуд, ки омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар бо роҳи ҷалби муташаккилона барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, касбомўзӣ ва забономўзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ аз рўи ихтисоси вакансияи пешниҳодшуда, шиносоӣ бо қонунгузорӣ ва урфу одати давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурўҳҳои экстримистӣ ва террористӣ, эҳтиётӣ аз шомил шудан ба касалиҳои вазнин бояд дар мадди аввал монда шавад.

Аз тарафи худ Ёдгор Файзов ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Саид Тағойзода ва сардори Хадамоти муҳоҷират Т. Каримзода барои ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хоруғ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати ҳар чӣ бештар гузаронидани чунин ярмаркаҳо, ҷоннок намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони вилоят дар ин самт ба муовини Раиси Ҳукумати вилоят Иматшозода Анвар Иматшо дастур доданд.

Шаҳри Хоруғ бо беш аз 29 ҳазор аҳолӣ маркази вилояти мухтори Бадахшонӣ кӯҳӣ аст. Ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, Хоруғ макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Оши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвадад. Дар шаҳр се донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад.

Ҳамон рўз дар барномаи «Имрўз ва фардо»-и телевизиони Бадахшон бо иштироки сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ О. Қурбонов ва директори Маркази машваратӣ С. Тошев гуфтугўи мустақим баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ва бокортаъминкунии истиқоматкунандагони вилояти Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

23 октябр соати 10:00 дар назди майдони Парчами миллӣ шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.  Дар ярмарка 784 нафар корҷўяндагон иштирок намуда, ба Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ мувофиқи касбу ихтисос ва хоҳиш 53 нафар (мард-15 нафар ва зан -38 нафар) номнавис карда шуданд, аз ҷумла 47 нафар (мард-12 нафар ва зан -35 нафар) ба ш. Санкт-Петербург ва 6 нафар (мард-3 нафар ва зан -3 нафар) ба ш. Мурманск худро номнавис намуданд. Ичунин, дар ҷараёни гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ба 140 нафар оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират машварат дода шуда, ба 42 нафар ҷавонон, ки хоҳиши касбомўзӣ доштанд, барои омўзиши касби барқчӣ ба ФМД «Маркази таълими калонсолон» дар ш. Хоруғ ва Литсеи касби-техникии ш.Шуғнон роҳхат дода шуд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар ш.Хоруғ аз ҷониби Марказ ба муҳоҷирони меҳнатӣ 400 дона буклетҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз сироятшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба касалиҳои ВНМО, сил пешниҳод гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар ш.Хоруғ аз ҷониби директори Марказ Суҳроб Тошев ба телевизиони Бадахшон, ТВ Сафина, ТВ Тоҷикистон, ТВ Ҷаҳоннамо ва радиои Бадахшон оид ба масъалаҳои омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ, бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷойҳои кори холӣ, зарурияти касбомўзӣ ва забономўзӣ пеш аз сафар, пешгирӣ аз сироятшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба касалиҳои ВНМО, сил ва дигар масъалаҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мусоҳиба пешниҳод гардид.

 

                                                                                                      Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо