Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар Бӯстон

[:tj]Бо ибтикорӣ Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри  Хуҷанд, сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиалҳои МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 21 сентябри соли равон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.

Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба шаҳрвандони бекор 544 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Дар маҷмӯъ ба ярмарка наздик ба 150 нафар корҷӯён, ки як қисми муайянашон собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, ташриф оварданд. Ба 5 нафар роххат барои кор ва 4 нафар роххат барои касбомӯзӣ дода шуд.

Дар рафти ярмарка ҷойҳои кории холӣ дар Федератсияи Русия низ пешниҳод гардид.

 

                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо