Ғамхорӣ дар ҳаққи сокинони деҳаи Хаспо

[:tj]Музофотҳои кӯҳистон алхусус ҳудуди шаҳр ва ноҳияии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қонунҳои навишта ва нонавиштаи худро дорад. Рустои Хаспо Ҷамоати деҳоти Техарви водии Ванҷи болои ноҳияи Ванҷ қарнҳо боз дар минтақаи хеле хавфноки аз ҳодисоти табиати осебпазир ҷойгузин гаштааст. Дар он солҳои, ки фасли зимистон барфи бисёр меборад бошандагони маҳалли миёнаҷои ин деҳа аз сабаби аз пуштаҳо, дара ва доманакӯҳҳо фаромадани тарма,селобҳо ва сангчархҳо маҷбур мешаванд,ки ҳамасола дар аввали фасли баҳор бо дигар маконҳо,ба хонаи хешу таборон кӯч банданд. Баҳори имсола низ чунин қисмат насиби сокинони деҳаи Хаспо гардид. Лекин чи тавре, ки Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид менамоянд; “Коре нест,ки ба ҷо оварда нашавад,мушкиле нест,ки осон нагардад,танҳо баҳри иҷро ва ҳалли он саъю талош кардан зарур аст;

Ба наздикӣ тибқи барномаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Нуриддин Шарипов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия Азим Назаров, заминсози Ҷамоати деҳоти Техарв ва дигарон бо роҳбарии муовини аввали раиси ноҳия Азим Шамсиддинов ин масъаларо ҳаматарафа омўхтанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки 9 хонаводаи деҳаи Хаспо ҳатман ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Ванҷ Ҷабори Қосим барои ҳар як оилае, ки пештар дар макони хавфнок деҳаи Хаспо зиндагонӣ мекард, ҳамчун муҳоҷири экологӣ дар ин рӯзҳои арафаи таҷлилии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъи навбунёди Баравн ба андозаи 010 ҳисса замин  барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инчунин қитъаи киштзори наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.         Ёдовар мешавем,ки дар солҳои нахустини истиқлолияти кишвар ба мавзеъи Баравн, аз дарёчаи Чихо дар масофаи қариб 9 километр канали обгузар сохта, ин мавзеъи киштбои зиёда аз 50 гектар тахту ҳамвор ва шодоб гардидааст. Акунун аҳли хонаводаҳои деҳаи Хаспо дар мавзеъи Баравни бурфайзу баракати даромадгоҳи водии Ванҷи боло зиндагонии хушу хуррам дар пеш аст.

Мавриди зикр аст,ки аз чунин иқдоми шоистаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ,Ҷамоати деҳоти Техарв ва дигар масъулини 9 оилаи деҳа Хаспо , ки аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззми миллат Эмомалӣ Раҳмон сарманша мегиранд, басе ҳам шоду мамнун мебошад. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки макони нави зишташонро дар доираи татбиқи барномаи рушди деҳот ободу зебо мегардонанд.

                                                                                             Қуқаншоев О.

                                                                               мутахассиси пешбари бахши

                                                               Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо