Қабули шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj]Дар моҳи сентябри соли равон ба Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 199 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намудаанд.

Зимни вохўрӣ ба ҳозирин доир ба қонунҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ қабулгардида маслиҳатҳои муфид дода мешавад. Аз шумораи умумии қабулшудагон 54 нафарашон аз шаҳри Душанбе мебошанд, ки 43 нафари онро мардҳо ва 11 нафарашро занҳо ташкил медиҳад. Мутаасифона, аз ин шумора 14 нафарашон дубора воридшавиашон ба Федератсияи Русия қатъ карда шудааст.

Дар мулоқотҳо ба ҳар як муроҷиаткунанда тавсия дода мешавад, ки барои омўзиши касбу ҳунар ба Маркази таълими калонсолон ва барои бо кор таъминшудан ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд. Ба онҳо маслиҳат дода, мегўянд, ки касби муносиб ба бозори ҷаҳонӣ мутобиқ омухта баъд ба кишвари Русия сафар намоянд.

                                                    Носиралӣ Фақиров

                    мутахассиси пешбари  Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

                      ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати ХМ дар ш. Душанбе 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо