[:tj]Бино ба иттилои мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Зоидов қарори Раиси ноҳияи Зафаробод оид ба ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ барои 30 оилаи муҳоҷирони дохилии соли 2017 ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 17 июни соли 2019 таҳти №558 ба тавсиб расид.
Дар асоси қарори мазкур ба ҳар оилаи муҳоҷир 0,06 га замин аз минтақаи деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод вобаста гардид.
Тибқи қарор раиси Ҷамоати деҳоти Равшан, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия вазифадор карда шуданд, ки қабули оилаҳои муҳоҷирони дохилиро ба маҳалли нави зист таъмин намоянд.
Ҳамзамон, дар асоси қарори мазкур ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, шуъбаи маориф, сохторҳои соҳаи тандурустӣ, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин, Раёсати кишоварзӣ, шабакаҳои барқ, корхонаи давлатии фаърии обтаъминкунӣ ва канализатсия, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия супориш шуд, ки тибқи нақша дар доираи маблағҳои пешбинишуда корҳои омодагиро ҷиҳати кўчонидани муҳоҷирон ба анҷом расонида, доир ба бунёд намудани шаҳраки нави замонавӣ чораҳо андешанд.
Ташкилотҳои дахлдори ноҳияи Зафаробод омода ҳастанд, ки ҳангоми ба миён омадани муаммоҳо зимни корҳои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои муҳоҷир кўмаки амалӣ расонанд.
Дар ин радиф 17 июни соли равон таҳти №512 қарори раиси ноҳияи Деваштич оид ба ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ барои 14 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар мавзеи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Яхтанба имзо расид. Муҳоҷирони экологӣ тасмим гирифтанд, ки рўзҳои наздик ҳуҷҷатгузории заминро ба роҳ монда, корҳои сохтмониро оғоз менамоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]