Қарор оид ба ҷудонамудани қитъаи замин ба тавсиб расид

Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миёна мӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021 – 2023» соли равон бояд дар ноҳияи Деваштич 8 оилаи муҳоҷирони экологӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Бо ин мақсад 26 майи соли равон таҳти №418 қарори раиси ноҳия «Дар бораи додани қитъаи замин» ба имзо расид.

Дар асоси қарори мазкур ба 8 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз ҳисоби заминҳои мавзеи Баҳористони ҷамоати деҳоти Яхтан қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,07 га ба ҳар оила бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста гардид.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич тасмим гирифтааст, ки барои саривақт тақсим гардидани қитъаҳои замини наздиҳавлигии вобастагардида мусоидат намояд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо