[:tj]
Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дода шуд, аз 25-уми сентябр то 1-уми октябри соли равон шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд дар истироҳатгоҳҳои ҳудуди ноҳия ба қайд гирифта нашудааст.
Чуноне сардори бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим хабар дод, оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” дар асоси Нақшаи чорабиниҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб бо мақсади бемории мазкур дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоат гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолон таъсис дода, оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 бурдани корҳои назоратию фаҳмондадиҳиро дар гузаронидани маъракаҳои тӯйи арӯсию домодӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, манзилҳои истиқоматӣ оид ба таъминоти беҳдошти санитарию гигиенӣ аз ҷумла маҳлули безараргардонӣ, антисептик, доштани ниқоб ва ҳароратсанҷи фосилавӣ байни хизматрасонҳо ва мизоҷон ба роҳ мондааст. Инчунин, дар ҳудуди деҳаҳо корҳои безараргардониро ҷоннок намуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон аз тарафи шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳияи Варзоб бо мақсади омодасозии сатҳи баланди безараргардонии аҳолӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия дар давоми чор моҳи фаъолияташ зиёда аз 20775,5м2 корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонид.
Инчунин, ҳамарӯза кормандони бахш якҷоя бо кормандони КИ ҲХДТ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии бевоситаи муовини раиси ноҳия Маҳтоб Қосимзода дар ҳудуди деҳаҳои ноҳия бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оиди пешгирӣ аз сироятёбии бемории нави “Коронавирус” COVID-19, муҳтавои матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа ба гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарӯза корҳои таблиғотӣ бо суръат идома дорад.
Ҳамзамон вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо таби баланд ва гумонбарони «Коронавирус» аз 17 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ аз муоинаи тиббӣ сокинони ноҳия гузаронида шуда, аз инҳо 25 нафар бо ташхиси пневмания ва 41 нафар бо ташхиси бронхит дарёфт карда шуд.
Анвар ЮСУПОВ[:]