[:tj]
Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муддати 3 рӯзи охир, бо дастгирии ҳамватанони саховатпеша ба 63 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург қарор доранд, хӯроки гарм, шириниҳо ва меваҷот бурда расонида шуд.
Дар ин кори хайр соҳибкорон Ёқуб Умаров, Субҳонқул Раҳимов ва Ҳоҷӣ Сайвалӣ саҳм гузоштанд. Боиси ифтихор аст, ки дастгирии моддию маънавии эҳтиёҷмандон аз ҷониби ҳамватанони мо дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия анҷом дода мешавад, баёнгари якдилию ҳамҷиҳати ва таҷассумгари хислатҳои башардӯстонаи миллати куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад.
Анвар ЮСУПОВ[:]