[:tj]
Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо дар маркази диққати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз таъсис додани Сафоратхонаву консулгариҳои кишвар дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва татбиқ гардида истодани “Консепсияи миллии ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020” пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо ва дар умум ҳамаи ҳамватанони дар Федератсияи Россия қарордоштаи мо, мусоидат ба ҳалли муаммою мушкилоти зиндагӣ ва фаъолияти онҳо аст. Боиси қайд аст, ки дар ин амали хайр ҷамъиятҳои миллӣ – фарҳангӣ, марказҳои машваратӣ – ҳуқуқӣ ва диаспораҳои тоҷикон ҳам саҳми арзанда доранд ва ҳамасола иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ менамоянд.
Мусоҳибаи мо бо раиси Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия бо номи “Ҳамватан” Маликшоев Муриват Раҳматович, ки бо сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор дошт, асосан перомуни ҳамин мавзӯъ буд ва дар рафти он оид ба фаъолияти ҷамъияти миллӣ – фарҳангии мазкур маълумоти бештар ба даст овардем. Мавсуф дар доираи хизматиаш аз ҷумла бо роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Биволида Самадӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ мулоқот намуда, Номаҳои сипос ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан”-ро супорид. Дар навбати худ нафарони мазкур ҳам ба Муриват Раҳматович Сипосномаю туҳфаи хотиравӣ супориданд. Дар рафти мулоқотҳо бештар мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти дастгии ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби онҳо ҳамчун шарикони рушди кишвар ба бунёдкорию созандагӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки Муриват Раҳматович ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аъзои Шӯро оид ба кор бо миллатҳои назди губернатори вилояти Иркутск мебошанд. Сокинони вилояти Суғд ӯро хуб медонанду мешиносанд ва ба иқдомҳои ватандӯстонааш арҷ мегузоранд.
Дар оғози мусоҳиба аз Муриват Раҳматович пурсон шудем, ки ташкил намудани Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” ташаббуси кӣ буд ва он кай таъсис ёфтааст? Мавсуф дар посух чунин гуфтанд:
-Ҳар иқдом ё ташаббуси ватандӯстонае, ки чи дар дохил ва чи берун аз Тоҷикистон рӯи кор меояд, аз сиёсати хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад. Таъсис додани чунин ҷамъияти миллӣ – фарҳангӣ амри таърихие буд, ки замон ба миён гузошт.
Камина соли 1998, ҳангоми намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар вилояти Иркутск буданам, перомуни ин масъала бо чанд нафар ҳамватанони ташкилотчию ташаббускори дар он ҷо зиндагию фаъолиятдошта суҳбат намуда, андешаашонро пурсон шудам. Онҳо пешниҳоди маро маъқул шумориданд ва гурӯҳи ташкилӣ аз паи кор шуд. Баъди таҳияву тасдиқи Оиннома ва иҷрои дигар корҳои ташкилӣ Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” расман 20 феврали соли 2000 ба фаъолият сар кард. Дар ибтидо номи он “Сомониён” буд. Баъдтар ин ном бо номи “Пайванд” иваз гардид. Бо пешниҳоди Вазорати адлияи вилояти Иркутск соли 2010 ҷамъият номи “Ҳамватан”-ро гирифт ва бо ҳамин ном ҳоло фаъолият менамояд. Соли оянда ба таъсисёбиаш 20 сол пур мешавад.
-Мақсад аз таъсис додани Ҷамъияти миллӣ – фарҳангӣ чӣ буд?
-Мақсади асосӣ, пеш аз ҳама, саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳарчанд имрӯз мухолифони давлату Ҳукумат, бадхоҳону нотавонбинон нодида мегиранд, муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо, донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда ва умуман кулли ҳамватанони бурунмарзии мо дар паноҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. Пешвои муаззами миллат ба кадом давлате сафар накунанд, ҳатман бо ҳамватанони бурунмарзӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён, соҳибкорону тоҷирон вохӯрда, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд. Ҷамъиятҳои миллӣ – фарҳангӣ, марказҳои ҳуқуқӣ ва диаспораҳои ҳамватанон расман ташкилоти ҷамъиятӣ бошанд ҳам, дар асл татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ ҳастанд ва фаъолияташон дар умум ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон, ҳалли мушкилоту муаммоҳои кор ва зиндагии онҳо нигаронида шудааст.
-Дар доираи фаъолияти худ Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” кадом корҳоро ба анҷом мерасонад?
-Фаъолияти мо хеле доманадор аст ва чуноне болотар зикр шуд, асоситаринаш баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон, муттаҳиду сарҷамъ сохтани онҳо ва ҳали мушкилоту муаммоҳои кору зиндагиашон аст. Тариқи ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду санаҳои таърихӣ ҳамдиёрони худро ҷамъ оварда, дастовардҳои беназири Истиқлолият, расму русуми наҷиб, маданияти баланд, адабиёту санъати оламгири тоҷикро ба мардуми таҳҷоӣ ва намояндагони дигар миллату халқиятҳои маскуни вилояти Иркутск муаррифӣ менамоем. Ин гуна чорабиниҳо ба мустаҳкам шудани дӯстию рафоқати миёни халқу миллатҳои гуногун ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Ҳар нафар ҳамватанамон, хоҳ ӯ муқимӣ бошад, хоҳ муҳоҷири меҳнатии мавсимӣ, дар мадди назарамон қарор дорад. Кӯмаку дастгирӣ дар тамоми мавридҳо, аз дарёфти ҷои истиқомату ҷои кор сар карда, то расмикунонии муҳоҷират, тарҷумаву ба қайд гузоштани ҳуҷҷатҳо, супоридани имтиҳон оид ба донистани забон ва таъриху фарҳанги миллати рус, гирифтани патент, бекор намудани манъи муваққатии воридшавӣ ва ғайра расонида мешавад. Марказ ҳатто дар мавриди пардохти маблағи патент, табобат дар беморхона, ба интиқол додани ҷасади ҳамватанони вафоткарда ва маросими дафни онҳо, ҳалли низоъҳои оилавӣ, ташкили маъракаву чорабиниҳои ҳамватанон кӯмаки маърифатию амалӣ мерасонад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳар ҳафта Рӯзи қабул гузаронида мешавад. Муроҷиаткунандагон зиёд бошанд ҳам, ягон нафарашон аз даргоҳи мо ноумед барнамегарданд ва мо рисолати инсонии худро дар ҳамин мебинем.
-Барои ба Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” аъзо шудан чӣ гуна шарту уҳдадорӣ муайян шудааст?
-Дар ҷамъият ҳар се моҳ як маротиба ҷаласаи Раёсат доир мегардад ва яке аз масъалаҳои рӯзномаи он баррасии аризаҳои ҳамватанон оид ба аъзошавӣ мебошад. Ба ҳолати имрӯз зиёда аз 1000 нафар аъзои доимии ҷамъият ҳастанд, ки дар ҳудуди вилояти Иркутск кору зиндагӣ мекунанд. Ба муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ ҳамчун ҳамватанони худ муносибат менамоем ва ҳеҷ вақт дар байни онҳову аъзоёни доимӣ фарқ гузошта намешавад. Айни замон дар ҳудуди вилояти Иркутск намояндагони 125 миллату халқиятҳо зиндагию кор мекунанд. Маркази мо бо онҳо низ ҳамкорӣ мекунад. Мо онҳоро ба чорабиниҳои худ даъват менамоем ва худамон дар чорабиниҳои онҳо иштирок мекунем. Ташкили чорабиниҳои муштарак бошад, тоҷиконро бо дигар миллату халқиятҳо наздиктар мекунад.
-Муносибати мақомоту сохторҳои давлатии маҳаллӣ бо Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” чӣ гуна аст? Оё барои пешбурди фаъолият монеаву мушкилот вуҷуд дорад?
-Гуфтан мумкин аст, ки муносибат ва ҳамкориамон на танҳо бо мақомоту сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, балки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои миллию фарҳангӣ ва диаспораҳои дигар халқу миллатҳо низ дар сатҳи баланд қарор дорад. Роҳбарияти ҳама зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Иркутск ва шаҳру ноҳияҳои он иқдомҳои ватандӯстона, ба ободонию созандагӣ, таҳкими дӯстию рафоқат, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ нигаронидашудаамонро доимо ҷонибдорию дастгирӣ менамоянд. Бо Хадамоти федералии муҳоҷират низ робитаву ҳамкории густурдаро ба роҳ мондаем. Ягон чорабинии мо бе иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ намегузарад. Дар умум барои пешбурди фаъолияти мо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ягон мушкилоту муаммои халалрасон мавҷуд нест.
–Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” бо ҲХДТ чӣ гуна робита дорад?
-Аз байни ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии кишварамон ягона ҲХДТ бо мо ҳамкорию муносибати доимӣ дорад. Ҳам бо ташаббуси ҳизб ва ҳам бо даъвати бевоситаи мо намояндагони ин ҳизби маҳбуб, ки нерӯи бузургу тавоно ва пешбари ҷомеа аст, мунтазам ба вилояти Иркутск ва шаҳру ноҳияҳои он ташриф оварда, дар чорабиниҳои мухталиф иштирок мекунанд, аз ҳолу аҳволи ҳамватанон огоҳ шуда, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ (ш. Душанбе, 07.02.2019) чунин вазифагузорӣ намуданд: “ Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурӯҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем. Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст.
Корро тавре ташкил бояд кард, ки муҳоҷирон пайванди худро бо Ватан ва халқи худ ҳамеша эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки онҳо дар мадди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демокатии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳамчунин бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда робита барқарор намуда, нерӯи зеҳнии онҳоро барои ободии Ватан истифода бояд кард”.
Ин дастури Пешвои муаззами миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамватанони бурунмарзии мо, пеш аз ҳама, муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бепаноҳу бесоҳиб нестанд, на танҳо давлату Ҳукумат, балки ҲХДТ низ ҳамеша аз паи ҳалли муаммову мушкилоти онҳост.
Дар муқоиса бо чанд сол пештар айни замон муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои муҳоҷиратро хубтар медонанд. Ҳодисаҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст заданашон ба ҷинояткорӣ ба назар намерасад. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои амниятию қудратӣ ва сохторҳои давлатӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ягон хел фишору зӯроварӣ ҷой надорад. Барои пешбурди фаъолияти қонунии меҳнатиашон ягон омили халалрасон мавҷуд нест. Фақат лозим аст, ки онҳо ба масъалаи касбу забономӯзӣ бештар эътибор диҳанд, ҳаматарафа омода шуда, баъд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
-Бо мақсади иҷрои вазифагузорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба ҳайси намояндаи КИМ ҲХДТ санаҳои 18 – 28 март ба вилояти Иркутск сафари корӣ анҷом дод.
Ҳадаф аз он боздид бо ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷики дар он ҷо таҳсилкунанда, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва шинос шудан бо вазъи зиндагию фаъолияти онҳо, иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ, тақвият бахшидани робита бо Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск, шуъбаи минтақавии ҳизби “Единая Россия” ва Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон “Ҳамватан”, табодули таҷриба ва мусоидат ба густариши ҳамкориҳои минбаъда буд.
Лутфан бигӯед, ки ин сафар ба ҳамватанони мо чӣ таассурот бахшид?
-Ташрифи ҳар нафар намояндаи расмӣ аз Тоҷикистон барои тоҷикони вилояти Иркутск падидаи рӯҳбахш ва фаромӯшнашаванда буда, эътимодашонро ба давлату Ҳукумат, ҲХДТ, ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста бештар мегардонад. Ҳамватанон то ҳол он вохӯрию мулоқотҳоро бо таассуроти нек ёдовар мешаванд ва интизори дидорбиниҳои минбаъдаанд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони дигар миллату халқиятҳоро дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҲХДТ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман ҳамватанони бурунмарзӣ ба ваҷд овард. Онҳо орзу менамоянд, ки ҳамин тавр дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
-Тибқи маълумотҳо айни замон дар ҳудуди вилояти Иркутск ҳазорҳо нафар тоҷикистониён зиндагии доимӣ дошта, ҳамасола наздик ба даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанонамон бо нияти муҳоҷирати меҳнатӣ, тиҷорату савдо, сайру саёҳат ва ғайра ба ин вилоят рафтуомад мекунанд. Дар пешрафти кори Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон “Ҳамватан” кадом нафарон бештар саҳмгузор ҳастанд?
-Ин гуна афроди ватандӯсту ватанпарвар бисёранд. Аз ҷумла Фарҳод Икромов, Гилмон Тӯхтаев, Абдурасул Расулов, Мирзоҳаёт Саидов, Раҳмон Шарифов, Шарофиддин Кедманов, Қурбон Сангов, Шоҳимардон Ҳамдамов, Ҷаҳонгир Ахмедов ва даҳҳо нафар соҳибкорону тоҷирони дигар, ки дар соҳаҳои сохтмон, савдо, коркарди чӯб, чорводорию зироатпарварӣ, хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ муваффақ ҳастанд, ташаббусу иқдомҳои ҷамъиятро дастгирӣ намуда, дастгиру мушкилкушои ҳамватанони худ ҳастанд. Ҳамзамон дар радифи Лола Павловна бонувоне чун Саодат, Парвина, Хушнуда, Ҳикматой дар ин самт намунаи ибрат мебошанд.
-Нақшаҳоятон барои оянда чӣ гунаанд?
-Ҳанӯз ним аср пеш шоири ҷаҳонгарди мо, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода чунин гуфта буданд:
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Мо бо амри тақдиру хости айём имрӯз берун аз Тоҷикистони маҳбуб кору зиндагӣ мекунем, аммо ҳамеша бо ёди Ватан ва дар фикри ободонии он ҳастем. Барои ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон, хоҷагидорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни дар хориҷа таҳсилкунанда низ саҳмгузорӣ дар раванди бунёдкорию созандагӣ шарафи бузург аст.
Федератсияи Россия шарики стратегии кишвари мо мебошад ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия ҷаноби Владимир Путин муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаамон самараи нек ба бор оварда истодааст. Зимни сафари расмии қарибулвуқӯашон ба кишвари Беларус низ Сарвари давлатамон бо Президенти Федератсияи Россия мулоқоти судманд анҷом доданд. Албатта, зимни чунин мулоқотҳо масъалаи сабукӣ овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳам ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар пеш ҳамаи моро ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон интизор аст. Барои истиқболи сазовори он пиру барно кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва мо – ҳамватанони бурунмарзӣ низ истисно нестем. Нақшаи ҳамешагиамон хизмати содиқона ба халқу Ватан буд, ҳаст ва мемонад.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!
Мусоҳиб
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]