Ҳамкории судманд Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ)

[:tj]3 апрели соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода намояндагони Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия GIZ экспертҳо Стефан Гёман ва Оливер Кайнрадро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, муҳоҷирони ба Ватан баргашта, Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони баргашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.

Дар навбати худ Стефан Гёман ва Оливер Кайнрад иброз намуданд, ки ҳадаф аз сафари мазкур – омӯзиш ва гузаронидани таҳлил ва тадқиқоти муштарак дар самти имконияти ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва ҷалби онҳо ба бозори меҳнат ҷиҳати беҳтарсозии ҷанбаҳои иқтисодии кишвар мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби маркази Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои таҳияи лоиҳаи нав дар соҳаи муҳоҷират ба нақша гирифта шудааст.

Зимни шиносоӣ фаъолияти марказҳои машваратӣ, муҳоҷирони ба Ватан баргашта аз ҷониби экспертҳо маълумоти зарурӣ ва пешниҳоду таклифҳо барои таҳияи консепсия барои лоиҳаи нав ба роҳбарияти худ пешкаш мекунанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

                                                                                      Анвар Юсупов

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо