15 апрели соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдинро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти сиёсати иқтисодии шаҳри Москва ва маркази муҳоҷират роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмара иброз шуд.
Сергей Балдин мухтассар дар бораи фаъолияти маркази муҳоҷират маълумот дод. Аз ҷумла, қайд кард ба вазифаҳои намояндагии Маркази муҳоҷират инҳо дохил мешаванд: дар Тоҷикистон паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Москва ва огоҳ кардани корфармоёни Москва дар бораи мавҷудияти мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ; ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ; тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ; машварат додани муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои шуғл; тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош дар Москва, аз ҷумла бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия; назорати вуруди муҳоҷирон ба Россия, аз ҷумла мавҷудияти ҳуҷҷати тиббӣ оид ба тасдиқи натиҷаи санҷиши COVID-19.
Ҳамчунин омодагии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ иброз шуд.