Ҳамоиши машваратӣ доир ба таъмини бехатарии меҳнат дар давраи пандемия

25 июни соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши машваратӣ доир ба таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи ҷойҳои кории фаъол, пешгирӣ аз басташавии корхонаву коргоҳҳо ва таъмини манфиатҳои коргарон дар давраи пандемия баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Акрамов А., намояндагони иттиҳодияҳои соҳавии коргарӣ ва мушовири Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ораш Алоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аснои ҳамоиш Тавсияҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва мушовири Созмони байналмилалии тандурустӣ Ораш Алоӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти кормандони ташкилотҳо дар ҷойҳои корӣ муҳокима гардид.

Инчунин дар ҳамоиши машваратӣ доир ба чораҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории Covid-19, ҳифзи саломатии кормандони ташкилоту муассисаҳо ва таъмини фаъолияти босамари корхонаҳо дар ин давраи ҳасос тавсияҳои мушаххас доданд. Аз ҷониби иштирокчиён ва намояндагони иттифоқҳои касаба низ як қатор пешниҳодҳо манзур гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ Тавсияҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва мушовири Созмони байналмилалии тандурустӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти кормандони ташкилотҳо дар ҷойҳои корӣ қабул гардиданд, ки барои истифода ба корхонаву ташкилотҳо пешниҳод карда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо