[:tj]8 сентябр дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллозода, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода истиқлолиятро беназиртарин дастоварди сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, гуфт: «Соли равон халқи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-умин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номус ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт мебошад».
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ миллати фарҳангсолои тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард», – зикр намуд ӯ.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо заҳмати басо сангин, азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми озодихоҳи мо ба даст омада, дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллатамон оғози марҳилаи сифатан нав гардид, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ- бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 26 соли Истиқлолият, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд
Сипас муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллозода табрикоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзодаро ба ҳозирин ирсол намуда, қайд карданд, ки муҳимтар аз ҳама амнияти шаҳрвандон дар кишвар таъмин ва оромию субот фароҳам шудааст. Вақте оромию субот аст ва истиқлолият вуҷуд дорад, зиндагӣ пеш меравад ва ҷомеа ба мақсадҳои худ ноил мешавад. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистон дар натиҷаи истиқлолият аст. Бояд ба қадри он расем.
Дар фарҷом 12 нафар кормандони фаъоли дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он бо “Ифтихорнома” ва “Раҳматнома”-и Хадамоти муҳоҷират сарфароз гардонида шуданд.
Анвар Юсупов
хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»[:]