[:tj]
Чанде пеш Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор дар Ҷамоатҳои деҳоти Вахё ва Чилдара бо сокинони он ҳамоиш баргузор намуд.
Дар он зиёда аз 100 нафар сокинони Ҷамоатҳо иштирок намуданд. Зимни мулоқот бо истиқоматкунандагони деҳаҳо доир ба мавзуи асосӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро буд.
Дар фарҷом ба саволҳои ҳозирин сардори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор М. Раҳматов ҷавобҳои мушаххас дод.
Чунин вохўриҳои судманд дар дигар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ гузаронида хоҳад шуд.
- М.Раҳматов
- сардори Бахши Хадамоти муҳоҷират
- дар ноҳияиСангвор
[:]