Ҳамоиш дар ҷамоати деҳоти Гулистон

[:tj] 

 

 

 

Чанде пеш дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, раиси ҷамоати деҳоти Гулистон, кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо ҳамоиш баргузор гардид.

Бароматкунандагон доир ба мавзӯи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм сухан гуфта, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли байти онҳо, мафҳумҳои ифротгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохтанд. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва тамоми аҳли ҷомеаро даъват намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҳамзамон иштирокчиён ба ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва истиқболи сазовори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват шуданд.

Дар умум дар ин чорабинӣ 150 нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳот иштирок намуданд.

 

Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо