[:tj]
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфтанд: «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст
Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.
Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезанад.
Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Ҳамин гуна дастуру супоришҳо зимни суханронии ифтитоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки санаҳои 16 – 17 майи соли равон дар пойтахти Ватанамон доир гардид, бори дигар садо доданд.
Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бо назардошти ин, дар фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ин мавзӯъ мавқеи муҳим дорад.
Аз ҷумла, вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тибқи Фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2016, №171 вобаста ба иҷрои Фармони мазкур ва Протоколи маҷлиси назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 14.01.2019, №1-2 аз оғози сол корбарӣ рафта истодааст.
Ҳамзамон Раёсат супоришу вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Каримзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саймумин Ятимовро дар ҷаласаи машваратӣ аз санаи 7-уми феврали соли равон барои иҷроиш ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади пурзӯр намудани мубориза ба муқобили экстремизму терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар самти огоҳонидан ва бохабар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки 12 феврал нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят ба имзо расид. Тибқи он давоми нимсола дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳалла бо ҷалби кормандону намояндагони раёсатҳои болозикр, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа 350 адад чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ айни замон аз рӯи нақшаи мазкур бомаром идома дорад. Дар рафти ҳар чорабинӣ ба ғайр аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷавоб додан ба саволҳои шаҳрвандон ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас мегардад.
Ҳамагӣ дар давоми чор моҳи сипаришуда дар миқёси вилоят 222 чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ бо иштироки 12828 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуданд. Аз ин нишондиҳанда 78 адад чорабинӣ бо фарогирии 5418 нафар шаҳрвандон бевосита ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм вобаста мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси худ барои паҳн намудан дар байни иштирокчиёни чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ варақаи махсус омода намуда, аз чоп баровард. Ҳамчунин ба онҳо маводи ёрирасони ташвиқотию тарғиботии аз Хадамоти муҳоҷират дастрасгардида тақсим мешавад, ки ба муҳоҷирати бехатар бахшида шудааст.
Илова бар ин, ҳамаи сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо оғоз аз сари сол тибқи нақшаҳои корашон дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Таҷрибаи кори мо нишон дод, ки дар самти бурдани корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ҳамкории мақомот ва идораю ташкилотҳои давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ натиҷаи хуб медиҳад. Бо назардошти ин, Раёсат соли ҷорӣ низ ҳамкориро бо ташкилоти ҷамъиятии “Амали нек” дар самти баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, дастрас намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва тарзи солими ҳаёт, аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронидани онҳо давом дода истодааст.
Корҳои иттилоотию маърифатӣ ҳангоми гусел ва сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ҳам роҳандозӣ мешавад. Намояндагони Раёсат ба ҳар як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда вохӯрда, қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро мефаҳмонанд ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим мекунанд. Дар мониторҳои Фурудгоҳ ва истгоҳи роҳи оҳан мунтазам дар шакли сатри равон эълонҳо оид ба муҳоҷирати бехатар ва хатарҳои экстримизму терроризм пахш мешаванд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд, эҳтимоли дар муҳоҷират ба доми фиреб афтодан ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаравиданашон афзун аст. Аз ин рӯ, волидон, наздикону пайвандон, кумитаи маҳаллаву ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор бояд ба таври дақиқ дар куҷо ва ба чӣ кор машғул будани онҳо, суроғаи ҷои зисту фаъолият ва рақами телефони мобилиашонро донанд, дар мавридҳои зарурӣ ба тамос баромада, ҳар қадамашонро зери назорати қатъӣ гиранд ва нагузоранд, ки ба роҳи бад раванд.
Бинобар ин, бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии давлатии омор, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва фаъолони ҷомеа, бо мақсади муайян намудани шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳияи рӯйхати ном ба номи онҳо, дар давраи семоҳаи якуми соли равон пурсиши дар ба дар ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ гузаронида шуд. Ин гуна пурсиш минбаъд ҳар семоҳа гузаронида мешавад.
Миллати сарбаланди мо хуб медонад, ки ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшату харобӣ, қатлу куштори афроди бегуноҳ, қашшоқию камбағалӣ, бадбахтию бадрӯзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти қонунияти низоми давлатдорӣ мебошад. Захмҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта то ҳол шифои комил наёфтаанд ва мардум он рӯзҳои сиёҳро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Вале душманону бадхоҳони миллату давлат то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразнок ва нақшаҳои нопоки худ даст накашидаанд ва хавфи ба доми фиреби онҳо гирифтор шудани шахсони дар ақидаашон ноустувору зудбовар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуд аст.
Дар чунин муҳиту вазъият, тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.
Зайнура ШАРИФӢ
сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]