[:tj]Бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Муҳоҷир»-и Хадамоти муҳоҷират бо иштироки аъзоёни ҳизб ва намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи васеъи ҳисоботӣ доир гардид.
Мувофиқи рўзномаи кори ҷаласа ҳозирин ҳисоботи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Муҳоҷир»-и Хадамот Зубайда Кенҷаеваро вобaстa бa фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2018 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018, қарорҳои Анҷумани ҳизб шуниданд. Дар баромад аз ҷумла зикр шуд, ки яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизб меистад, ин ноил шудан ба эътимоду боварии кормандони Хадамоти муҳоҷират ва то ба онҳо расонидани дастовардҳои дaврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад. Aйни ҳол шумораи аъзоёни ҳизб дар Хадамоти муҳоҷират 62 нафарро дар бар мегирад, ки аз инҳо 13 нафар занон дарбар мегиранд. Ба андешаи Зубайдо Кенҷаева самаранок истифода бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҳам барои ҷалби аъзои нав ва ҳам барои маърифатнокии кормандони Хадамот воситаи хубе хоҳад буд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақте корманд масъулияти худро дар назди роҳбарият ва ҳизб эҳсос мекунад, дар иҷрои рисолати корманди хизматчии давлатӣ ва ҳизбии худ ба саҳланкорӣ роҳ намедиҳад.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳими кори ҳизбӣ дар он аст, ки фаъолони ҳизб бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд. Дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ канори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бошанд. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як корманди Хадамоти муҳоҷирати худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.
Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти Кумиҷроияи ноҳияи Шоҳмансури ҲХДТ Одиназода Абдулазиз Карим баромад намуда, фаъолияти назарраси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансурро ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизб аз дигар имконот истифода намуд, зеро нерўйи бузурги зеҳнии истифоданашуда то ҳол вуҷуд дорад.
Дар ҷараёни кори маҷлис тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Муҳоҷир» барои нимсолаи аввали соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Анвар ЮСУПОВ
[:]