Дар нимаи дуюми рӯзи 25 октябри соли равон кормандони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанб вохӯрии навбатиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути ҳавопаймо сафари кишвари Россияро доранд, баргузор намуданд.
Бояд қайд кард, ки Марказ фаъолияти худро тибқи Низомнома ва Нақшаи кории Хадамоти муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба роҳ мондааст.
Кормандони масъули Марказ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки шаҳрвандони мамлакат ба шаҳру вилоятҳои ФР барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунанд, вохӯрӣ намуда, дар масоили муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои иттилоотӣ бурда оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани Патент, Сертификати донистани забони русӣ, қайди мувакқатӣ, иҷозаи кор ва касбу ихтисос суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ва пурсишҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зимни суҳбату мулоқотҳо кормандони Марказ шаҳрвандонро ба он водор намуданд, ки пеш аз сафар ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд. Хотиррасон намуданд, ки агар мақсади ба Федератсияи Россия барои фаъолияти корӣ сафар карданро дошта бошанд, ҳатман Патентро дастрас намоянд. Патент ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор карданро дар назди шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ таъмин менамояд.
Таъкид намуданд, ки пеш аз гирифтани Патент ҳар як шахси муҳоҷир бояд маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия тасдиқкунандаро дошта бошад. Бояд донист, ки мақомоти ҳудудии ВКД ФР оид ба муҳоҷират на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ба шаҳрвандони хориҷӣ Патентро медиҳад. Мӯҳлати умумии амалӣ Патент бо дар назардошти тамдид бояд дар муддати се сол пай дар пай давом дода шавад. Бояд фаромӯш накард, ки мӯҳлати амали Патент тамдидгардида хисоб мегардад, агар андоз барои гирифтани Патент пардохт гардидааст. Боз қайд намуданд, ки дар дигар ҳолатҳо мӯҳлати амали Патент аз рӯзи охирини пардохти андоз барои гирифтани Патент қать мегардад.
Директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе Акбаров Хуҷаназар, ба шаҳрвандони ҷамъомада рӯ оварда иброз намуд, ки барои гирифтани Патент кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард, пеш аз ҳама шаҳрванд бояд, ариза барои гирифтани Патент, шиносномаи хориҷӣ, варақаи муҳоҷирати бо нишондод оид ба мақсади сафар – КОР ва бо қайди мақомоти сарҳадӣ оид ба воридшавӣ ба ФР ё бо нишондоди мақомоти ҳудудии ВКД ФР оид ба муҳоҷират дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратии мазкур, шартнома оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, варақаи пардохт (квитанция), ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашъамандӣ, инчунин маълумотнома оид ба набудани касалиҳои ВМНО, ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР, ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирӣ дар ҷои иқомат. Бояд гуфт, ки Патент ба шаҳрванди хориҷӣ шахсан дода мешавад бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва варақаи пардохт (квитанция) оид ба супоридани андоз барои гирифтани Патент ба мӯҳлати амалӣ он.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар ҳолати вайрон кардани қонунҳои муқаррарнамудаи Федератсияи Россия он барои озодона фаъолият намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ мушкилоти зиёд эҷод менамояд ва боис мегардад, ки муҳоҷирон наметавонанд аз 3 то 5 сол ба ин кишвар ворид шаванд.
Инчунин, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба давлати Россия раҳсипоранд, қатъиян таъкид карда шуд, ки ҳангоми будубош дар шаҳру вилоятҳои Россия бо ҳар гуна шахсони ношинос дӯстӣ пайдо накунанд ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб ҳамроҳ нашаванд. Пеш аз ҳама фикри падару модар, хоҳару бародар ва хешони наздики худро кунанд, вагарна ба проблемаҳои гуногун дучор мешаванд.
Дар фарҷом ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ буклетҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи тарзи дурусти гирифтани Патент, қоидаҳои будубош, қонунгузории ФР ва вакансияи ҷойҳои корӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират