Ҳамкорӣ идома дорад

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад.


Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад.


Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад.

Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад.

Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт.

Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад.

Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор дар НБО «Роғун» фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2023, №18 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таъмин намудани кадрҳои коргарӣ ба ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» ба тасвиб расид.

Тибқи он, он дар назди раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ дар ҳайати 14 нафар таъсис дода шуд.

Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Ашт ва Деваштич кормандони шуъбаю бахшҳои Раёсат дар ҳамкорӣ бо Раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.

Дар ярмаркаҳо доир ба ҷойҳои кории холии ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» бо маоши таъингардида ба корҷӯяндагон пешниҳод гардида, оиди ҳамаи шароитҳои корӣ аз ҷониби масъулин иттилоъ дода шуд.

Дар рафти ярмаркаҳои имрӯза муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъи вуруд шудаанд барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии «Роғун» аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои мазкур зиёда аз 57 нафар ба қайд гирифта шуда ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод гардид.

Диловар Муродов,
сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо