Ҳамкориҳо бо коргоҳҳои саноатӣ вусъат меёбанд

28-уми декабри соли 2021 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ аз Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара боздид намуд.

Мақсади сафари мазкур ҷалби мутахассисон барои фаъолият дар маҷмааи мазкур буда, муҳтарам вазирро дар ин сафар масъулин аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, аз ҷумла муовини вазир Маҳмадуллозода Н.Р. сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Т., роҳбарияти сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, инчунин намояндаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз ширкати мазкур маълум гардид, ки дар корхона ҷойҳои кории зиёд дар соҳаи нассоҷӣ таъсис шуда, кормандони маҳаллӣ баъд аз омӯзиш ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ширкат кормандон бо технологияҳои муосир фаъолият дошта, бо шароити зарурии корӣ таъмин мебошанд. Музди меҳнати кормандон аз 1300 то 2300 сомониро ташкил медиҳад. Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин мегарданд. Айни замон қисми зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Бо назардошти васеъ гардонидани раванди истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур он ба мутахассисони дорои ихтисосҳои дузанда, бофанда, бурранда, дарзмолкунанда ва ғайра ба теъдоди 497 нафар эҳтиёҷ дорад.

Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки барои ҷалби кормандон ба маҷмааи мазкур барои занони хоҳишманд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи коргоҳҳои корхона бо гузаштани машғулиятҳои амалии таълимӣ курсҳои оӯзишӣ ташкил карда шуда, баъди хатми курсҳо дар корхонаи мазкур бо кор таъмин карда шаванд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби вазир ба сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ин корхонаи саноатӣ, инчунин шаҳодатномакунонӣ ва валидатсия малакаҳои касбии кормандони фаъолиятдошта ва додани шаҳоданомаҳои тахассусӣ ба онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ бо мақсади омода намудани кадрҳо тибқи талаботи корфармо дар заминаи дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21-уми декабри соли 2021 густариш меёбанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо