Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати маориф ва бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқӣ ноҳия дар маҷлисгоҳи Литсейи давлатӣ ҷамоати шаҳраки Сомониён дар мавзӯъи “Муқовиммат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш устодон ва шогирдони Литсей ҷамъ 120 нафар бо шиорҳои “Нест бод терроризм ва экстремизм”, “Пешгирии терроризм ва экстремизм”, “Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат” ширкат намуданд.
Дар баромади худ барандагон иброз доштанд, ки ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амният ва пойдории давлат хатарҳо эҷод карда, ваҳдату ягонагии миллат таҳдид мекунад.
Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки бархе хоинони миллат мардумфиребиро шуғл карда, ба чашми одамон хок мепошанд. Вале имрӯз мардум симои разилонаи ташкилоти террористӣ ‐ экстремистӣ ҲНИ-ро шинохтаанду дигарбора ба доми фиреби ин нохалафон намеафтанд. Зеро аз рӯзҳои аввали пайдоиш то имрӯз ягон аъзову пайрави онҳо барои ободонии Ватан саҳме нагузоштааст.
Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем, касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуда бошад, оянда паси панҷара бе хонаву дар аз зану фарзандонаш ҷудо шудааст.
Аммо Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти кишварҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад – қайд намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.
Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони Литсей саҳначаҳо дар мавзӯӣ “Мо аз Ватан ва номуси худ ҳимоят мекунем” намоиш дода шуд.
Идиев А.
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ