Ҳамоиши идона бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ

Дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид.
Дар он кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва директори МД «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир зикр кард, ки «имрӯз Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвар ҳамеша омодааст. Муҳофизони шуҷои Ватан, неруи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Ватани азизи худро доранд».
Таъкид гардид, ки имрӯз шукронаи давлати тинҷу обод ва осудаи кишвар бояд кард, зеро он пешравиҳое, ки дар ҳамаи соҳаҳо дида мешаванд, маҳз самараи тинҷиву осудагӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба иштирокчиён сурудҳо бахшида ба Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо