23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират ҳамоиши тантанавӣ баргузор гашт.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир” Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо дар суханрониашон ба кормандони ҷавони Хадамот аз эътимод ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.
Ҳамзамон, Сардори Хадамот вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи истиқлол сухан гуфта, оид ба шароити наве, ки дар ин давра барои пешрафту тақвияти ҷавонон дар мамлакат муҳайё гардидааст, ибрози назар кард.
Тазаккур дода шуд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон басе хушоянд аст, ки дар мамлакат як рӯзи махсус, яъне Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро бо як ҳашаммати идона ҷашн мегиранд.
Дар хатми ҳамоиш, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба чанд нафар ҷавонони фаъол, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ташаккули афкори солими наврасону ҷавонон саҳми арзанда доранд, “Ифтихорнома” “Сипоснома” тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират